Бар хонаи дасти худ бисер марав

Обновлено: 18.04.2024

Агар он турки шерозӣ ба дастораддили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам
Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ, маи боқӣ, ки дар ҷаннат
нахоҳи ёфт
Канори оби Рукнободу гулгашти
Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи
ширинкори шаҳрошӯб
Чунон бурданд сабр аз дил, ки
туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр
мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи
зеборо!
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф
дошт донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад
Зулайхоро.
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин,
дуо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли
шакархоро.
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон
дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири
доноро.
Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр
камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат
ин муамморо.
Ғазал гуфтиву дар суфтӣ, биёву хуш
бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак
иқди Сурайёро

Саъдий Шерозий

Ин туи ё сарви бустони ба рафтор омадаст?
Ё малак бар сурати мардум ба гулзор омадаст?
Уд месузанд ё гул медамад дар бустон?
Дустон,ё корвони мушки тотор омадаст?
Сорбоно,як назар бар руи он зебонигор,
Гар ба чоне медиханд,инак харидор омадаст!
Ман дигар дар хона наншинам асиру дардманд,
Хоса ин соат,ки гуфти гул ба гулзор омадаст!
Гар ту инкори назар дар офариниш мекуни,
Ман хамегуям,ки чашм аз бахри ин кор омадаст.
Вах,ки гар ман боз бинам руи хешро,
Мурдаро бини,ки дар олам дигар бор омадаст!
Он чи бо ман меравад дар бандат,эй ороми чон!
Бо касе гуям,ки дар банде гирифтор омадаст!
Най,ки менолад хама дар мачлиси озодагон,
З-он хаменолад,ки бар вай захми бисёр омадаст.
То напиндори,ки баъд аз чашми хоболоди ту
То бирафти,хобам андар чашми бедор омадаст.
Саъдиё,гар химмате дори,манол аз чаври ёр!
То чахон будаст чаври ёр бар ёр омадаст.

Ф. Аттор

Боязиди Бостоми

ДИДОР ДАР КИЁМАТ.

КУДАКЕ ДАР ПЕШИ ТОБУТИ ПАДАР,
ЗОР МЕНОЛИДУ БАРМЕКУФТ САР,
К-ЭЙ ПАДАР ОХИР КУЧОЯТ МЕБАРАНД?
ТО ТУРО ДАР ЗЕРИ ХОКЕ БИСПОРАНД,
МЕБАРАНДАТ ХОНАИ ТАНГУ ЗАХИР,
НЕ ДАР У КОЛИВУ НА ДАР ВАЙ ХАСИР,
НЕ ЧАРОГЕ ДАР ШАБУ НЕ РУЗ НОН..
ПАДАР, ДАР ИН САРДИХОИ ЗИМИСТОН АНДЕШААМ БА ОРОМГОХИ ТУ МЕРАВАД.
ТУ ДАР ИН САРДИХО ЗЕРИ ХОКИ САРД ХУФТАИ, ХОЛ ОН КИ ТОКАТИ САРДИ НАДОШТИ.
КУНУН НА САРДИ ЭХСОС МЕКУНИ НА ГАРМИ.
ПАДАР, ХАР ЯК ДАКИКАИ УМРИ МАН БО ТУ ПАЙВАСТ АСТ.
МЕДОНИ МАН БЕПАДАР НЕСТАМ ТУ ЧОВИДИ ДАР ХАЁТИ МАН.
ХАНГОМИ ПАРВОЗ БА ХАВОПАЙМО БАГУСЕЛАМ НАБАРОМАДИ , ГУФТИ КИ ТОКАТИ ЧУДОИ НАДОРИ.
ДУОЯМ ДОДИ,АММО ЧАРО БА ВАЪДАИ ДИДОР ВАФО НАКАРДИ?
ПАДАРЧОНАМ, ДИЛУ ЧОНАМ, КУЧО РАФТИ,
САРУ СОМОН,ОРОМИ ЧОНАМ, КУЧО РАФТИ,
ГУЗОШТИ ДОГ ДАР ДИЛИ МАН, КУЧО РАФТИ
БО САД АРМОН, БО САД ФИГОН, КУЧО РАФТИ
ПАДАР , РУХАТ ШОД БОШАД!
МАНАМ ПАЙВАНД БО ТУ ВА ИН ПАЙВАНДИХО ДАР КИЁМАТ ПАЙВАНДТАР ХОХАД ГАШТ.
ДИДОР ДАР КИЁМАТ.

Ман он наям

Ман он наям,ки бегунахеро чазо дихам,
Як санги гурбате зи кафояш хаво дихам.
Ман он наям, зи хайбату пуписаи касе,
Тарсам ва аклу чону диламро фано дихам.
Ман он наям зи бахри пулу моли ин чахон,
Нохуб суханеро хадафи ошно дихам.
Душман чу зур хаст,ки созам хаволааш,
Хубтар зи ман чазош дихад, бар Худо дихам.
Худ гар гарибу бекасу бехонаам, вале
Камтар пуле, зи бахри Худо, бар гадо дихам.
Бадбахт одамам, ки агар рохи дину илм,
Фарзанди худ ба таълиму дарси хато дихам.
Душвор бошадам,ки бихезам намози субх,
Ман он наям,ба васваси шайтон ризо дихам.
Хар кас чу ошике шавадам,ман намешавам,
Дилро ба дасти хар касу нокас чаро дихам?
Эй,дустон,ба хакки гариб хам дуо кунед,
Ман хам дуои хайр ба хакки Шумо дихам.
Обу намак забону дахонам харом бод,
Гар байни кори шавхару зан мочаро дихам.
Боду хаво харом шавад чун кашам нафас,
Гар байни Сугду Помиру Хатлон чудо дихам.

А.Чомий

Кори мо чуз фикри мурдан нест дур аз ёри мо,
Ваҳ, ки ёри мо нагардад ҳеч фикри кори мо.
Рўй дар девори ғам шабҳо ба сар бурдан чй суд,
Гар на он маҳ бар занад як шаб сар аз д евори мо.
Чанд худро беш қиммат мениҳй, эй порсо,
Худфурўширо ривоче нест дар бозори мо.
Мекунад пок аз сиришки сурх рўйи мо рақиб,
В-аз ҳасад дидан наёрад ранг бар рухсори мо.
Гарчй шуд сарҳалқа аҳли маърифатро шайхи шаҳр,
Сар намедорад бурун аз ҳалқаи зуннори мо.
Гўша кун, гў, турраи дастори худ, зоҳид, чу шуд-
Дурдполои ҳарифон гўшаи дастори мо.
Гуфтам аз бўйи ту шуд боди сабо, аттор, гуфт:
- Чомй, аз анфоси худ акнун туй аттори мо.

Х.Шерозий

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лўлиёни шўхи ширинкори шаҳрошуб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат ҳусни зеборо!
Ман аз он ҳусни рўзафзун, ки Юсуф дошт донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуо гўям,
Ҷавоби талхмезебад лаби лаъли шакархоро.
Насиҳат гўш кун ҷоно, ки аз ҷон дўсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳадис аз мутрибу май гўву рози даҳр камтар ҷў,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтиву дурр суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.

УМРИ ХУД ЗОЕЪ МАКУН

Эй чавон, гофил машав дар арсаи дахри дудар,
Умри худ зоеъ макун дар чахлу нодони дигар.
Фасли навргзи чавониро ганимат дон, ки он,
Меравад зуд аз сари ту, дер меёби хабар.
Корвони умр чун дар кишвари пири расад,
Дигар аз нахли муроди худ намеёби самар.
Дар рахи умри чавоният кадам дониста мон,
Баски дорад зиндаги пасту баландиву хатар.
Зиндаги омузгор аст аз барои одами,
Мекашад моро ба суи мактаби худ хар сахар.
Аз китоби худшиносиву худогоео басе,
Медихад хар лахзаам дарси волои дигар.
То набошам гофилу побастаи хоби гарон,
Мушти огохию маъни мезанад моро ба сар.
То гахе андар сарояш одами одам шавад,
Мешавад омузгори пири мо хуни чигар.
Даргахи маърифату маънист дори зиндаги,
Эй чавон, биштоб суи даргахи у хар сахар.
Некрою некному хайрхохи халк бош,
Чун ниёгон дар ду олам обру хохи агар.
Умри худ гар сарфи кори чахлу нодони куни
Пеши мардум дон, ки хасти дар шумори гову хар.
Эй чавон, панди Баёниро нагири, окибат.
Мезани он лахза худ санги надоматро ба сар.

Ш. Табрези

Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,
Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Дилам гўяд, ки бархезам, ҳаво гўяд, ки дам дигар,
Ҳаворо зери по орам, ки он чо амри Чаббор аст.
Чу мурғон ҳар саҳар гўянд: "Қум ё айюҳалғофил",
Ки ту дар хобию надони, касе донад, ки бедор аст.
Аз ин беҳтар, ки бархези, зи дида хуни дил рези,
Зи дасти чаҳл бигрези, ки шайтон сахт маккор аст.
Аё эй Шамси Табрези, гаҳе шаҳду шакар рези,
Агар сад сол бигрези, ки охир марг даркор аст.

М.Чунуни


Ба зуди туши кун, эй бехабар азми сафар дори,
Чаро дилбастаги бо ин чахони рахгузар дори.
Ки охир сар ба болину чон дар чанги Азроил,
Нафас дар гаргара печида хун андар чигар дори.
Чи суд аз бистару болин, ки руи тахта меои,
Ба гури тангу торики лахад рафта макар дори.
Ба ачзи хеш эй мушти губори хаста коил шав,
Чи мушкилихо, ки андар пеши ру,эй бехабар дори.
Бикун хайре,ки дар гармии махшар соябон гардад,
Хамон рузе,ки бо сад дог сар аз хок бардори.
Зи девони лахад ояд ба дастат номаи аъмол,
Зи вахми додан аз суи чапат хар су назар дори.
Ба дил нуре агар аз зикри Хак пайдо куни ин чо,
Миёни ахли махшар руй чун нури камар дори.
Барои худ чаро дори бинои хонаи рангин,
Макони хобгах, эй бехабар чои дигар дори,
Чунуни гар ба фардо чилваи дидор мехохи,
Ду дида доимо аз иштиёки, дуст тар дори.

ДУЗДИ УМР

Дузди умрам омада бо номи хоб
Суи хам ду мижагонам мекашад
Ноаён дуздида аклу накли ман
Суи дунёи нихонам мекашад

Дузди умрам омада бо номи хоб,
Мекушад дар дидаам нозу итоб.
Мебарад бо корвони бехуди
То чахони дигарам бо як шитоб

Дузди умрам омада бо номи хоб,
Медихад гуи маро чому шароб.
Мекунад мадхушу меорад бурун,
Вактро чун гавхари умр бехисоб.

Дузди умрам омада бо номи хоб,
Нурро аз дидагонам мебарад.
Лахза- лахза аз бахору орзу,
Бар хазону ормонам мебарад…

насихатнома

Эй писар султони нафси хеш бош,
Козии имони нафси хеш бош.
То напечи дар балою дарду гам,
Аз паи дармони нафси хеш бош.

Эй писар бо чахл доим разм кун,
Аз паи ахлоки неку азм кун.
Сар фуру кун, то ки боши сарбаланд,
Хоксориро ба худ сарназм кун.

Эй писар аз боги ирфон мева чин,
Илмро бо чашми бедори бубин.
Бо амал илмат чу гардад хамкарин,
Дар ду олам мешави болонишин.

Эй писар аз фарзи Оллох сар матоб,
Бар намозу рузаи Хак баршитоб.
Пеша кун ахкоми Куръону Хадис,
Хифз кун хар мисраи он Шахкитоб.

Эй писар бар дардмандон чора шав,
Дастгири мардуми бечора шав.
Бар гаму андуху дард Дардошно,
Хонаи уммеди хар овора шав.


Ганчина дар ин олами вайрона намоз аст,
Тавхид бувад бодаву паймона намоз аст.
Бесачда ба даргохи Худо рах натавон ёфт,
Гар Каъба равони,дари он хона намоз аст.
Ин бори азимест,ки бар кух гарон аст,
Ин нур даруни дили ушшок нихон аст.
Гофил,ки зи таъзими Худои,ту чи дони,
Як сачдаи огох бахои ду чахон аст!


Гар бар дили ту дарду гами ишки Худо нест,
Ин саллаву тасбехи ту чуз бахри риё нест.
Гар ашк зи чашми ту равон нест,якин аст,
К-андар дили сангини ту як зарра сафо нест.
Бархез,ки ин умри ту чун бод равон аст,
Бингар,ки ачал дар паи хар пиру чавон аст.
Бо гиря мусаффо бикун оинаи дилро,
То кай хама даъвои ту аз руи забон аст?!

Без заголовка


Шеър ва газалиёт аз ашъори яке аз орифони барчастаи диёри мо-Мавлави Чунуни.
Cоли 1800 мелоди дар вилояти Кандахори Афгонистон дар оилаи Саид Шохсохиб фарзанде ба дуньё омад,ки бо гузашти айём дар сохаи адабу ирфон бо эчодиёти худ ба дарачаи бузургтарин мардони замони худ расид.Номи пурраи эшон Саидкаландар ибни Шохсохиби Кандахори ва тахаллуси шоирии у Чунуни(Чунун) ва Нодири мебошад.

Илоҳи аз карам бар осиёнат лутфу эҳсон кун,
Саводи номаҳоро шустушу дар баҳри ғуфрон кун.
Макун шармандаи рузи чазо ин хоки осиро,
Зи лутфи худ ба ин аҳли хичолат сатри исён кун.
Ба бемори гунаҳ набвад ба чуз лутфи Ту доруе,
Ҳакими ҳозиқи, бар дарди ҳар дармонда дармон кун.
Ба вақти чон гирифтан деви малъун ҳамла меорад,
Саломат бандагонро аз қариби шарри шайтон кун.
Ба вақти қабз кардан чони ширин талхие дорад,
Ба фазли хеш ё Раб, мушкили моро ту осон кун.
Малаҳо дар лаҳад бо гурзи отатбор меоянд,
Саволашро чавобаш бо савоб аз лутф фармон кун.
Чу сабза сар кашад дар рузи маҳшар одами аз хок.
Ба гармои қиёмат раҳм бар ин аҳли урён кун.
Ҳаросон дидаҳо аз интизори номабахшиҳо,
Зи фазли худ саъодатномаро бар дасти аймон кун.
Надорам аз амал чуз маъсият ҳангоми санчидан,
Тарозуро гарон аз фазли худ дар вазни мизон кун.
Хуруши дузахи сузанда гар "ҳал мин мазийд" гуяд,
Халос ин осиёни хастаро з-он нори сузон кун.

---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.

---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.
shahlo-m
Шахло Махмудзода(Идиева) 15 дней назад Цитата Сообщить о спамеХудовандо, нигаҳ дори моро аз макри шайтони,
Ҳидоят бар сироталмустақим кун суи раҳмони.
Умеди том ҳар банда аз он лутфи азал дорад,
Нашуд аммо кас воқиф аз он мактуби пешони.
Ба рузи сахти маҳшар бандаи бечора дар монад,
Ба ин дармондагон абри карамро зуд афшони.
Нашуд воқиф касе аз қисмати неку бад инчо,
Ман ин асрори пинҳонро намедонам, Ту медони.
Ба ҳоли очизон ё Раб, куни дар муҳтазар раҳме,
Ки байни чону эмон мубтало банда ба ҳайрони.
Ба ҳар дарде агар ҳар бандаи бечора дар монад,
Набошад ғайри фазли Ту ба ҳар дармонда дармоне.
Диламро суи худ каш з-ин ғами гирдоби бепоён,
Мабодо, ки дар ғафлат равам бо ин парешони.
Чунунро дил аз андуҳи чон кандан тапад дар хун,
Кушо ин уқдаро ё Раб, ба фазли худ ба осони.

---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.
shahlo-m
Шахло Махмудзода(Идиева) 15 дней назад Цитата Сообщить о спамеШавад рӯзе,ки дар болини ҳасратҳо фиғон дорӣ,
Нафас дар ғарғара чун мурғ ҷону дил тапон дорӣ.
Ба сақфи хона чашми хеш дузӣ зору пурҳасрат,
Куҷо бар рози дилгӯе дами теғи забон дорӣ.
Бувад қобиз паи ҷонат Азозил дар паи эмон,
Чӣ мушкилҳои пурошӯб андар ин миён дорӣ.
Чӣ суд аз тахту давлат,ки ба рӯи тахта меоӣ,
Ки рози оҷизе бар дасти ғассолон аъён дорӣ.
Қабои сурх мепӯшию аз чоки кафан ғофил,
Саре пурҳасрат андар зери ақди ӯ ниҳон дорӣ.
Ба рӯи рахши дунё эминӣ аз маркаби чубин,
Чу тифли найсаворӣ,сӯи гӯристон давон дорӣ.
Ба гӯри тору пурваҳму хунук дар бистари хорӣ,
Ба чандин доғу ҳасратҳои гуногун макон дорӣ.
Равоқи манзари чашмат пур аз хоки лаҳад гардад,
Ки то субҳи қиёмат инчунин хоби гарон дорӣ.
Ҷунунӣ,то тавонӣ,фикри мурданро ба зистан кун,
Машав ғофил,ки роҳи сахту азми корвон дорӣ.(Маъдан-ул-ҳол)


---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.
shahlo-m
Шахло Махмудзода(Идиева) 15 дней назад Цитата Сообщить о спамеНидои Чунуни.
Нигоро ёру дилдорам ту боши.
Мурод аз сайри гулзорам ту боши.
Зи душман заррае боке надорам.
Ба хар холе мададгорам ту боши.
Чаро тарсам сари муе зи шайтон?
Агар донам нигахдорам ту боши.
Кучо парво кунам аз вахми машхар.
Магар чону талабгорам ту боши.
Насозам асл парвои Киёомат
Агар ёри вафодорам ту боши.
Надорам заррае андухи дузах.
Дар ончо гар харидорам ту боши.
Насузад як сари муи Чунуни
Ба ин алфот агар ёрам ту боши.

---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.
shahlo-m
Шахло Махмудзода(Идиева) 15 дней назад Цитата Сообщить о спамеГудози ишқи Ҳақро ошиқи мастона медонад,
Шукӯҳи сӯзи доғи шамъро парвона медонад.
Чӣ мепурсӣ зи зоҳид илми ишқи сирри ваҳдатро,
Ки ҳушёр аст ӯ, ин рамзро девона медонад?
Зи мақсад дур солик аз гумони дур меафтад,
Ба ҳар ҷо восилон мақсудро ҳамхона медонад.
Намеёбӣ зи масҷид, мақсади дил дар харобот аст,
Касе, ки ёфт аксар ганҷ, дар вайрона медонад.
Шаҳидон дар тапиш лаззат зи теги ишқ меёбанд,
Касе ҷон дод, завқи бисмили ҷонона медонад,
Зи завқи нашьаи май зоҳидон воқиф нашуд охир,
Димоғи ринди шайдо шаммаи майхона медонад.
Ба бедардон Ҷунунӣ,дурри ишқашро чаро суфтӣ,
Куҷо ҳар танпарасте қадри ин дурдона медонад?

---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.
shahlo-m
Шахло Махмудзода(Идиева) 15 дней назад Цитата Сообщить о спамеХез, эй солик, ба шаб дар зикри Ҳақ бедор бош,
Раҳрави роҳи ҳақӣ, ғофил машав, дар кор бош.
Ҳам дари тавба кушода, ҳам дари файзи азал,
Ёди исён кун саҳаргоҳон ба истиғфор бош.
Рӯзи фориғ нест касбу кори зиндагӣ,
Шаб ба ёди зикру фикри ҳазрати Чаббор бош.
Ҳамчу шамъи сарбурида ашк рез аз сӯзи дил,
Бо фиғону нолаву бо синаи афгор бош,
Нолаву зории муштоқон хуш ояд ёрро,
Ошиқи зорӣ агар, дар нолаҳои зор бош.
Мардумон дар хобу ту хун хӯр ба шабҳои дароз,
Ганҷи ваҳдатро биёбӣ, доимо ҳушёр бош.
Васли сӯзишҳо зи бедардӣ расад парвонаро,
Доғи сӯзи ишқ агар хоҳӣ, ба ёди ёр бош.
Аз адаб набвад, ки ӯ бедору ту хоби дароз,
Дарди ӯ дар дил агар пайдост, бо дилдор бош.
Ҳосили ҳар ду ҷаҳон дода ба як шӯри Ҷунун,
Даст афшон аз ду олам, соҳиби дидор бош.

---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.
shahlo-m
Шахло Махмудзода(Идиева) 15 дней назад Цитата Сообщить о спамеЭй сохиби ин масъалаи рохнамо,
Медон бо якин ки Ломакон аст Худой.
Хохи ки туро кашф шавад ин маъно,
Чон дар бадан бин ки кучо дораду чой??
Зи хок офаридат Худованди пок,
Пас эй банда афтодаги кун чу хок.
Харису чахонсузу саркаш мабош!!
Зи хок офаридат чу оташ мабош!!
Чунон сарфарози намо иин каме,
Аз он деву кардан одаме.
Машав Муллою Суфии шайхи канъон,
Мусалмон шав мусалмон мусалмон!!
Зи зикрам он ки ру тобат ба дунё.
Ба фардо хашр созам зишту аъм,
Зи зери хок хезат дидааш кур.
Сиях гашта дилаш чун лаъл бе нур,
Кунад нола хамон банда ба Мавло.
Ки хикмат чист чашмам карди аъмол,
Ба дунё доштам ду чашми равшвн.
Бикради кураш ай дорандаи ман??
Худо гуяд ай махлуки нодон!!
Ба дунё додаам неъмат фаровон.
Бидодам дасту пою чашми бино,
Дили доно забони сози гуё.
Бифармудам туро бар зикр гуи!!
Зи душман эътирозу дуст чуи,
Зи зикри мо ту шуди руй гардон.
Бо амри нафсу бо фармони Шайтон,
Ба дунё кардаи моро фаромуш?
Манхам туро созам ин чо фаромуш!!
" Хазрати Мавлави"

---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.
shahlo-m
Шахло Махмудзода(Идиева) 11 дней назад Цитата Сообщить о спамеҶон бод фидои қаду болои Муҳаммад,
Бо гесӯи мушкини сумансои Муҳаммад.
Ҷибрил ҷилавдори Буроқаш шаби меъроҷ,
Ҳӯрон сафи дар саф ба тамошои Муҳаммад.
Арш аст сарафроз зи ташрифи қудумаш,
Курсист ба болиш зи таманнои Муҳаммад.
Хуршед гирифт хӯшае аз хирмани ҳуснаш,
Маҳ рӯйканон бӯса зад аз пои Муҳаммад.
Ташрифи заминаш ҳамаро вола намуда,
Ташрифи само ҷумла ба ғавғои Муҳаммад.
Шуд гулшани олам зи туфайли гули рӯяш,
Аз шавқ ҳама булбули гӯёи Муҳаммад.
Омад ба қадаш хилъати лавлок мувофиқ,
Тоҷе ба сараш қавси "авадно"-и Муҳаммад.
То-ҳо лақабаш, васфи қабояш ба Музаммил,
Баҳри зафари хасм "фатаҳно"-и Муҳаммад.
Фардо, ки кунад ҷилва ба бозори қиёмат,
Маҳшар шавад он рӯз ба тамошои Муҳаммад.
Аз баҳри шафоъат ба ҳама уммати осӣ,
Бандад камари ҳиммату аъло Муҳаммад.
Хоки қудумаш сурма ба чашмони Ҷунунӣ,
К-ӯ ҳаст ба ҷон волаву шайдои Муҳаммад.
(Саллаллоҳу алайҳи васаллам)

Мавлавӣ Ҷунунӣ, аз ғазалиёти Маъдан-ул-Ҳол

---
Нашояд дам бидуни зикри Аллоҳ,
Нафас ҳайф аст бе “Алҳамдуллилоҳ”.

Худовандо! Худованди чахони!
Ато гардон ба мо илми маони!
Чу бисмиллох гуяд тифли мактаб,
Зи дузах чор кас ёбад амони

Каломи Кибриё эъчоз дорад,
Паёми нагзи инсонсоз дорад.
Сутуни дини мо бархак намоз аст,
Ки инсонро зи фахшо боздорад

ЭЙ БАРОДАР ТУ ХОЛИ МУСЛИМИ ИРОКИ БУБИН,
ХАМ ЗИ БУСНИВУ ЛИБИЕГИ БУБИН.
ДАСТИ ИСТИКБОРИ ДУН ШУД БОЛО,
ТУ ПАРОКАНДАГИИ МУСЛИМОН БУБИН,
ТО БА КАЙ ШИАВУ СУННИБОЗЕМ МО,
ТО БА КАЙ ДАСТ БА КИН ТОЗЕМ МО,
ИТТИХОДИ ЧАВШАНОСОЙ КАЙ КУНЕМ,
ШУМИИ ШИАВУ СУНИ КАЙ КУНЕМ,
ГИРДИ ХАМ ОЕМ МО ДАСТИ БАДАСТ,
В-АЗ ИН ИТТИХОД ДУШМАНРО ОЯД ШИКАСТ,
НОЧУРИИ МО ГУЛБИ ДУШМАНАСТ,
ДАР КАМИНИ МО У БИНШАСТААСТ,
ТАКИСМАМОН КАРД БО НУГИ ТАБАР,
ИН БИГУФТИ РАХИМИ ТАКСИМТАБАР,
ТОРИХИ ХАЛКИ МУСЛИМ ГУФТ У,
ВАРНА АЗ МУСЛИМ АЗ ТОЧИК ГУФТ У
ДУШМАНИЮ НОХАК БИГЗОР ЧОН
БАХРИ ИТТИХОДИ МУСЛИМ ГУФТ ОН,
ПАНДИ КУЧАК АЗ МАНИ ХАКИРУ НОТАВОН,
ВОН БАРОДАР ЗАФАРИ ГУЛОМАЛИИ КУРБОН,
ИТТИХОД МУСЛИМОНРО ХАТМАН АСТ,
САР БА ЯК ГИРЕБОН КАРДАН АСТ.
КОТИЛИ МУСЛИМ ХУДИ МО ШУДЕМ,
АЗ ЗАМОНЕ КИ ТАКСИМБОЗ ШУДЕМ,
ХАНАФИ, ХАНБАЛИ, МОЛИКИЮ ЧАЪФАРИ,
САЛАФИЮ, ТАБЛИГИ, Ё ДИГАРИ ТОРИКИ,
АСЛИ ДИН ИН НЕСТ ЭЙ ЧОН ГУШ КУН,
ХИРКАИ ИМОН ТУ БАР ДУШ КУН!
АСЛИ ИМОН ИН АЛЛОХУ АКБАР АСТ,
БОВАРИ БАР АХМАДИ ПАЙГОМБАР АСТ!
БАР КИТОБХОВУ РАСУЛОНИ ВАЙ АСТ,
ХАМ БАР ОН РУЗЕ. КИ УРО НОМ МАХЩАР АСТ!
ЭЙ МУСАЛМОН ТУ БИЕ ИСЛОМ ОВАР,
ШАКУ ШУБХА ТУ ВАЗ ХУДАТ ДУР БУБАР!
ИТТИХОДИ МО МУШТ БАР КОФАР АСТ,
АЗ ХАЗОРОН БАМБИ АТОМ БАДТАР АСТ..

Чун теша ба суи худ доим матарош,
Чу ранда зи кори худ, бе баҳра мабош,
Пайваста чу арра бош дар айни маош,
Гоҳ суи худ мекашу гоҳ мепош.

Дуди дилро ба дами оҳ барорад ошиқ,
Гулханаш шуъла барорад ба фиғон месузад.
Гуяд у доғи диламро кунам аз ғайр ниҳон,
Чи кунад шамъ, ки бо ашки равон месузад.
Ташнаи бодаи ишқи у набинад сери,
Коса хурду ташналабон месузад,
Натавонам, ки кунам як сифати ишқ баён,
Шуълаи дил бикашад сар, ки забон месузад.
Ишқ чун ҳур бо ҳама зарра асар кард, вале,
Гар кунад ҷилва ҳама қавну макон месузад.
Умр бигзашт ба васлаш нарасидам дареғ,
Бештар ҳасрати доғи дил аз он месузам.

Сафедори баланд як навдаву сад барги тар дорад,
Писар дар рохи ишк афтад, чи парвои падар дорад.
Падар аз кудаки бо шавки дил, дасти писар гирад,
Ба умеде ки дар пири писар дасти падар гирад.
Чу умраш рафтаву рафта сари гураш хабар гирад,
Кучо фарзанди нокобил гиребони падар гирад.

Оху дод аз зиндаги умри Чавонам меравад,
Бо хама ному нишону, ному нишонам меравад,
Мисли чон аз пайкари фарсудаи бемори ман,
Аз дарахти умр чун барги хазонам меравад,
Гуфта будам ман намемирам гурури ишк буд,
Окибат мемираму бо ман чахонам меравад,
Бо фигону дил чахонро пушти сар хохам гузошт,
Хеч пеши ман ба гуристон фигонам меравад,
Марги ман марги тани ман нест аз дунболи ман,
Корвони орзую армони чонам меравад!

Фирдавс Рахимов

Фирдавс Рахимов

Nigina-Нигина Амонкулова [Official Group]

Бо ёр ситам макун,ки бе ёр шави,
Бисёр талаб макун ба кам зор шави.
Бар хонаи дусти чонии худ бисёр марав,
Хар чанд,ки азизи окибат хор шави.

Фирдавс Рахимов

Бигзор ,то бигирям ,чун абр дар бахорон,
К-аз санг нола хезад ,рузи видоъи ёрон.
Хар ку шаробе фуркат ,рузе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад, катъи умедворон.
Бо сорбон бигуед, ахволи оби чашмам,
То бар шутур набандад, махмил ба рузи борон.
Бигзоштанд моро, дар дида обе хасрат,
Кирён чу дар киёмат, чашме гунохкорон.
Саъди ба рузгорон, мехре нишаста бар дил,
Берун наметавон кард, илло ба гамгусорон!

А-З-И З-А

МО ХЕЧ, ЗАМОНА ХЕЧ, ДУНЁ ХАМА ХЕЧ
ЭЙ ХЕЧ ЗИ ХЕЧ БАР ХЕЧ МАПЕЧ.
ДОНИ КИ ЗИ ОДАМИ ЧИ МЕМОНАДУ БАС.
МЕХР АСТУ МУХАББАТ АСТУ БОКИ ХАМА ХЕЧ.

Азиза Саидова

Аз дода чи бехтар аст гуфто,ки таом,
Нодода чи бехтараст гуфто дашном.
Аз хурда чи бехтар аст гуфто,ки газаб,
Нохурда чи бехтар аст гуфто,ки харом.

САВОЛХОИ ШУМО ОИДИ ЗАБОНИ РУССИ Вы говорите по-русски? Шумо ба забони русй гап мезанед? Я понимаю. Ман мефахмам. Я не понимаю. Ман намефахмам. Здесь кто-нибудь говорит по-английски? Инчо ягон кас ба забони англисй гап мезанад? Не могли бы Вы говорить медленнее? Илтимос / Лутфан, камтар сусттар гап занед? Что Вы сказали? Шумо чй гуфтед? Повторите, пожалуйста. Такрор кунед, илтимос / лутфан. Пожалуйста, напишите это. Инро нависед, илтимос. ПРИВЕТСТВИЯ И ФОРМУЛЫ ВЕЖЛИВОСТИ Доброе утро Субх ба

Забони русй забони муоширати байналмилалии халкхои мамлакати мост.-Русский язык является языком. межнационального общения народов нашей страны. Дар Душанбеи мо хатто донишкадаи махсуси забони русй таъсис карданд.-У нас в Душанбе даже открыли .специальный институт русского языка. Мо ин забонро меомузем.-Мы изучаем этот язык. Ман точикиро мефахмам, лекин ran зада наметавенам.-Я только понимаю по-таджикски, а говорить не могу. Ман фақат ба забони эстонй гап зада метавонам,-Я говорю только

Бар ёри худ ситам макун ки бе ёр шави!! Бисёр талаб макун ки ба кам зор шави. Бар хонаи дусти худ бисёр марав . Хар чанд азизи окибат хор шави .

Ҳеҷ вақт аз китоби зиндаги хаста нашав зеро. Ҳеҷ кас намедонад дар саҳифаи дигараш Худо чи навишта аст.

Ошиқ нашу, эй дил бо танҳои сар кун, Ҳоламро мебини ҳарфому, бовар кун. Ошиқ нашу эй дил ошиқ шудан дарде, Месузи мемири ин дунё номарде.

Барои марги ишқи ман ҳамин бас, Ки мебинам туро ман бо дигар кас. Бароят ин шеърам охирин аст, Намебини маро дигар аз ин пас.

Дӣ сари қабри падар рафтаму гуфтам, ки салом, Ӯ нагуфтам, ки чаро омадӣ, дорӣ чӣ калом. Гуфтам, аз ҳаҷри ту хун шуд дили бечораи ман, Ӯ на ҳарфе, на ҷавобе, на каломеву на лом. Гуфтам, аз сӯзиши қалбу ҷигару дарди фироқ, Баҳри таскини дилам, н-омад аз он хуфта паём. Гуфтам, аз фурқату аз доғи ҷудоиву азоб, Ӯ напурсид, ки чаро омадиву бар ту чӣ ном. Гуфтам, эй қиблагаҳам, пушту паноҳам, падарам, Бишнав, ин рози ҷигарбанди худатро ба тамом. Ва бигуфтам, ки аё сарпанаҳам, такягаҳам, Бе ту бо с

Зан чун гуласт вале мо хораш кардаем Мо танхо дар банд гирфтораш кардаем У бо мухабат дорад ризомон мекунад Кору бори зиндагимон бораш кардаем Рузу шаб дар хизматаст ин нозанин Рафта зи пешаш интизораш кардаем тифламонро бо мухаббат мепарварад Бо чи корош мо гунахгораш кардаем Зан барои ишкаст ишк дар рохи уст Мо вале аз ишки худ нокомаш кардаем Чашми акли мо суи зан бикшо Худоё Мо зи нодони ситам ба чонаш кардаем.

Дарёдиламу ташналабе пайдо нест Шуд умр тамом зи сохиле парво нест Эй ёр наойи куза бар сар бари об Як руз биёи ки дигар дарё нест

Маро бо чашми гирён офариданд Туро бо лаъли хандон офариданд Ҷаҳонро тира ру иҷод карданд Туро хуршеди тобон офариданд Хататро айни зулмат халқ карданд Лабатро оби ҳайвон офариданд Хами мӯи туро диданд бар рӯй Қарини куфру имон офариданд Парешон зулфи ту то ҷамъ гардид Дили ҷамъе парешон офариданд Сарам гӯи хами чавгони ӯ шуд Чу гӯи аз баҳри чавгон офариданд Ман аз рӯзи ҷазо воқиф набудам Шаби ялдои ҳиҷрон офариданд Ба Миср он дам Зулайхо ҷома зад чок Ки Юсуфро ба Канъ

Fуссае чун тир бар мағзи дили дарвеш зад, Нокасе бо ҳарфи бад бар синаи ӯ неш зад. Нотавонбин зиндагӣ дорад ба сад бухлу ҳасуд, Марг чанголе барои марди хайрандеш зад. Нохалаф бар қасди мо гар тез бинмуд тешае, Нохудогоҳ тешаро ғофил ба пойи хеш зад. Зумрае аз дасти нодори бимонда дар сукут, Муътабар гардид касе пайваста лофи беш зад. Ҳайфи номарде,ки ғайбат кард аз пушти сарам, Мард ҳарфи иштибоҳи кори ман дар пеш зад. Маҳкампур , решаи одамгари имон бувад, Ноадолатро бидидам ин дили ман

Читайте также: