Бо душмани ман чу дуст бисер нишаст

Обновлено: 08.05.2024

Тавре ки аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, чанде пеш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон конфронси байналхалқии «Ваҳдати ислом» баргузор гардид. Дар радифи шахсиятҳои дигар, собиқ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ ба конфронси мазкур даъват шуда буд.

Тавре маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби сиёсии ӯ яке аз манбаъҳои хатар дар ҷомеаи Тоҷикистон шинохта шудааст. Даъвати чунин шахсият ба намояндагии конфронси бузурги «Ваҳдати исломӣ» аз ҷониби кишвари бо мо дӯсту ҳамсоя, ҳамзабон ва дар фарҳангу дин ҳамақида боиси нигаронист. Ин амали кишвари исломии Эрон мисраъҳои зерини Шайхурраис Абуалӣ Ибни Синоро ба ёд меорад:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бора нишаст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қатори кишварҳои дигар огаҳии куллӣ доранд, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби сиёсии ӯ бо амалҳои экстристӣ-терористӣ даст дорад. Кишваре, ки бо Тоҷикистон ҳамзабону ҳамақида аст, мебоист, душмани дӯсташро душман шинохта, на танҳо Муҳиддин Кабириро ба конфронси мазкур даъват намекард, балки бояд таҳқираш менамуд.

Амалҳои хатаровари Муҳиддин Кабирӣ ошкору равшан буда, ҷои зиёда баҳс нест, балки ба қавле: Мушк он аст, ки худ бибӯянд, на он ки аттор бигӯяд.

Саидҷон ҚОРИХОНОВ,
муаллими кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б. Fафуров

Читайте также: